Иштроки намояндаи Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ (МБИТ)
Аз 3 то 5 марти соли 2025 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии машваратии Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ (МБИТ) оид ба татбиқи лоиҳаи минтақавӣ зери унвони «Системаи мониторинги обии радиоактивӣ ва металлҳои вазнин дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур масъулони мониторинги радиатсионии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва коршиносони МБИТ иштирок намуда, ҷузъиёти татбиқи лоиҳаро барои кишварҳои зикргардида, муҳокима намуданд.
Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - бенефисиари лоиҳаи мазкур буда, он дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби муовини директор – Бахтиёр Баротов намояндагӣ карда шуд. Дар раванди муҳокима, қайд гардид, ки таҳияи системаи мониторинги доимии радиоактивӣ дар объектҳои обӣ, ки дар наздикии партовгоҳҳои урандор қарор доранд, зарур мебошад.
Лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки вазъи радиатсионӣ дар минтақаҳои муаянгардида доимо таҳти назорат қарор гирад ва ба ҳолатҳои фавқулодда, вокуниш карда шавад.